Дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бори аввал чемпиони Тоҷикистон шуд

Шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе дастаи  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии чоруми финали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон бар дастаи  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, соҳиби медалҳои тилло гардид.  Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Пас аз чор бозӣ ҳисоби силасилаи бозиҳо 3:1 ба фоидаи дастаи футзали   «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд шуд. Ғалабаи  дастаи  «Сипар» дар бозии чорум тавассути зарбаҳои нишонраси Илёс Чотбоев, Дилшод Саломов ва Парвиз Раҳматов таъмин гардид.

Дастаи футзали   «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар таърихи мавҷудияти клуб аввалин маротиба ба унвони чемпионӣ расид. Қаблан чанд маротиба соҳиби медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шудааст. Дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, ки солҳои 2018 ва 2019 чемпиони Тоҷикистон шуда буд, имсол ҷойи дуюмро ишғол кард. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи футзали  «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе шуд, ки дар се бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи  футзали «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро мағлуб намуд.

Ин ҳафтум мавсими Лигаи касбии футзали Тоҷикистон буд. Қаблан ду дастаи Душанбе – «ДИСИ Инвест» чор маротиба (2014, 2015, 2016, 2017) ва  дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ду маротиба солҳои  (2018, 2019) ғолиб гардида буданд.

Ин нахустин чемпионии  дастаи  футзали «Сипар»-и шаҳри  Хуҷанд дар тӯли таърихаш ба шумор меравад.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Финал. Бозии чорум

Соро компания» – «Сипар» – 1:3

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 5 (1:0). Иляс Чотбаев, 28 (1:1). Дилшод Саломов, 42 (1:2). Парвиз Раҳматов, 46 (1:3).

Беҳтарин бозингари бозӣ: Иляс Чотбаев («Сипар»).

Ҳисоби умумӣ – 1:3.

АМИТ «Ховар»

Tags: