Вазорати кишоварзӣ: майдони кишти такрории зироат 970 га зиёд гардид

Имсол дар ҷумҳурӣ майдони кишти такрории зироати кишоварзӣ 74 ҳазору 490 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 970 га зиёд мебошад. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 21 август дар ҷумҳурӣ дар 77 ҳазору 977 га кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 105 %-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Майдони умумии кишти такрории зироати ғалладонагиҳо 33 ҳазору 805 гектарро ташкил медиҳад. Аз он дар 14 ҳазору 604 га ҷуворимакка барои дон, 7843 га шолӣ ва дар 11 ҳазору 358 га дигар намуди ғалладонагиҳо кишт карда шудаанд. Инчунин дар майдони 193 га картошка, 8419 га сабзавот, 3249 га полезиҳо, 1928,8 га зироати техникӣ ва дар 30 ҳазору 382 га алаф барои хӯроки чорво кошта шудааст.

АМИТ "Ховар"

Tags: