Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва аҳамияти беназири он

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии беназир дорад. Зеро ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат оварад, ки бо дилу нияти пок аз рӯзҳои аввалини роҳбарӣ тамоми кӯшишу заҳматҳои худро барои хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон равона намуда, халқи тоҷикро муттаҳид сохт. Ин матлабро муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Шукрулло Хайров ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҷаласаи тантанавӣ баён дошт.

Зикр шуд, ки маҳз 25 сол муқаддам вакилони Парлумони Тоҷикистон бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҷамъ омада, дар ҷараёни ин Иҷлосия қарорҳои муҳимеро, ки сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба он вобастагии амиқ дошт, қабул намуданд.

Дар ҷаласа Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки «ин Иҷлосия барои он муҳим аст, ки ба фаъолияти қонунгузории давраи навини  Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Маҳз бо шарофати ин Иҷлосия шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлаташонро дарк намуданд. Баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми халқу миллатҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави кишварро 6 ноябри соли 1994 қабул намуданд. Қабули Конститутсия, интихоби Сарвари давлат, вакилони халқ ва Маҷлиси олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ, тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сӯи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ дар мамлакат ҳидоят намуд».

Иҷлосияи XVI заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро гузошт. Он оғози ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, анҷоми беҳокимиятӣ арзёбӣ мегардад.

АМИТ "Ховар"