Дастаи «Хуҷанд» ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт

Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар даври нимфиналӣ ин даста дар бозиҳои рафту баргашт бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо натиҷаи умумии 4:2 дастболо гардид. Бозии аввал миёни ин дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфта буд.

Хотиррасон менамоем, ки бозии ҷавобӣ 4  октябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, шогирдони Мубин Эргашев дар ин дидор бар муқобили дастаи «Хуҷанд» рақобати шадид нишон дода, натиҷаи умумии ду бозиро 2:2 намуданд. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Ваҳдат Ҳанонов ба ҳадаф расониданд. Тақдири бозӣ дар дақиқаҳои иловагии пас аз бозӣ ҳал гардид. Шогирдони Рустам Хоҷаев ба бозӣ баргашта, фишорро бар бозингарони ҷавони дастаи «Барқчӣ» афзоиш доданд ва ҳисоби бозии ҷавобиро баробар намуданд. Дилшод Бозоров ва Шоҳрух Раҷаматов, ки аз ҳайати бозингарони захиравӣ ба майдон омаданд, ҳисоби бозиро 2:2 намуданд.

Ҳамин тариқ,  дастаи  футболи «Хуҷанд» дар бозиҳои рафту баргашт бо натиҷаи умумии 4:2 ғолиб омада, ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад. Ин даста дар финал бо ғолиби ҷуфти дастаҳои КМВА «Помир» ва «Истиқлол» бозӣ хоҳад кард.

АМИТ "Ховар"