Дар Тоҷикистон Мусобиқаи интихобии шаҳру ноҳияҳои тобеъ оид ба тенниси рӯи миз доир мегардад

20-21 июли соли равон дар ҷумҳурӣ Мусобиқаи интихобии даври дуюм  оид ба тенниси рӯи миз байни ҷавонони  соли таваллуди 1998 ва аз ин хурд баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 13 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо менамоянд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи интихобии дастаҳои ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва шаҳри Файзобод  дар ноҳияи Рашт ва  дастаҳои  шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб   дар шаҳри Ҳисор доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали Мусобиқаи тенниси рӯи миз дар сатҳи маҳаллӣ ва ноҳиявӣ доир гардида, ғолибони даври дуюм ба марҳилаи минтақавӣ роҳхат пайдо намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: