«ҶОМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд миёни наврасони пойтахт оғоз шуд

ТВТ.18.08.2022. Бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз миёни наврасони пойтахт барои дарёфти «Ҷоми шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд оғоз гардид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба дуруст ва самаранок истифода бурдани майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, инчунин ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ роҳандозӣ гардид.

Маросими ифтитоҳи мусобиқа дар майдончаи варзишии кӯчаи Маяковский, 25 сурат гирифт, ки дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар Абдулло Раҳмонзода, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, масъулони варзиши шаҳри Душанбе, директорони мактабҳои махсуси варзишии шаҳрӣ, роҳбарону шахсони масъули муассисаҳои нигоҳдошти боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаи ноҳияҳои пойтахт ва мураббиён иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки мусобиқаи мазкур бо иштироки чунин шумораи зиёди дастаҳои наврасон бори аввал аст, ки дар доираи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: