Дар Тоҷикистон таъмир, сохтмон ва барқарорсозии беш аз ҳазор километр роҳҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст

Солҳои наздик таъмир, сохтмон ва барқарорсозии беш аз ҳазор километр роҳҳои байналмилалӣ дар мамлакат ба нақша гирифта шудааст.  

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон қариб 60 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 20 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, зиёда аз 2200 километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин дастовард дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва ба як давлати воҳид табдил додани он ба даст омадааст.

Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти мамлакат ба таври бесобиқа ба рушди соҳаи нақлиёту роҳсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Расман эълон гардидани яке аз чаҳор ҳадафи стартегии мамлакат –«Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон» шаҳодати ин гуфтаҳост.

Имрӯзҳо тавассути ҳудуди Тоҷикистон 10 долони байналмилалии нақлиётии транзитӣ мегузарад. Ҳамкории Вазорати нақлиёти мамлакат бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, айни замон татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони пулҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Қизилқалъа — Бохтар дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба анҷом расида, корҳо аз рӯи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон, таҷдиди роҳи Обигарм-Нуробод, Данғара – Оқмазор ва ғайра идома доранд.

Tags: