Дар Бонки миллӣ масъалаи паст намудани хавфҳои суиистифодаи низоми молиявӣ баррасӣ гардид

Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ бо коршиносони ширкати «Томсон Рейтер» оид  ба масъалаҳои муқовимат ба хавфҳое, ки ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо онҳо рӯ ба рӯ шаванд,   доир гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд,  зимни вохӯрӣ зикр карда шуд, ки  бо назардошти таҳдидҳои умумие, ки ташкилотҳои молиявӣ дучор мешаванд, ташкилотҳои қарзиро зарур аст доимо вобаста ба ошкорнамоӣ, баҳогузорӣ ва коҳиш додани хавфҳо фаъолияти амалии худро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин  коршиносони ширкати «Томсон Рейтер» ба иштирокдорон оид ба хизматрасониҳои барномаи ширкат муаррифии муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, имкониятҳои барномаҳои мазкур, яъне ба таври мустақим (онлайн) ошкор намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба рӯйхатҳои таҳримӣ, мақомоти танзимкунанда ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид ҳастанд, намоиш дода шуд. Коршиносони ширкат инчунин вобаста ба моделҳои тиҷоратӣ ва шартҳои махсус дар доираи обунашавии миллӣ маърӯза намуданд.

Мулоқоти мазкур дар самти баланд бардоштани дараҷаи самаранокии фаъолияти низоми назорати дохилии ташкилотҳо ва паст намудани хавфҳои суиистифодаи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мусоидат менамояд.

АМИТ "Ховар"