Дар Суғд зиёда аз 1000 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардиданд

Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»–и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавии гусели аввалин 1043  нафар наваскарон аз шаҳру навоҳии вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳру навоҳии вилоят, волидону собиқадорони меҳнат ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳҳо ширкат намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарор таманно намуда, аз ҷумла, зикр намуд, ки «хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат ба ҳисоб рафта, он барои насли наврас муҳимтарин мактаби обу тоби ҳаёт мебошад. Имрӯзҳо фаъолияти қисмҳои низомӣ ва шароити хизмати аскарон беҳбудӣ ёфта, ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир мебошад».

Ҳамзамон таъкид гардид, ки маҳз фаъолияти хубу корбарии муташаккилонаи фаъолон ва комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Зафаробод буд, ки онҳо дар рӯзҳои аввали гусели наваскарон байни 18 минтақаҳои вилоят, пеш аз муҳлат маъракаи даъвати баҳориро сарбаландона ба анҷом расониданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар робита ба ин имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  маъракаи гусели нахустин гурӯҳҳои наваскарон идома дорад.

АМИТ "Ховар"