Дар Хуҷанд марҳилаи супоридани ҳуҷҷатҳои довталабон ба Маркази миллии тестӣ оғоз ёфт

Аз 1 марти соли равон дар радифи дигар манотиқи ҷумҳурӣ дар ду нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд- МТМУ №5 ва гимназияи №24 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2018 (ИМД-2018) оғоз гардид.

Дар маросими оғози бақайдгирӣ намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Мирзоаминов ва масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд мақсаду моҳияти бақайдгириро ба ҳозирин фаҳмониданд.

Тавре аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд хабар доданд, яке аз навгониҳои низоми имсола-ин хизматрасонии «Пешномнависӣ» дар ҳолати бархат (онлайн) ба ҳисоб рафта, он имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода намуда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии «Пешномнависӣ» хоҳишмандони бақайдгириро зарур аст, ки почтаи электронӣ дошта бошанд. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ мувофиқи матлаб аст.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд 1980 нафар довталабон ба номи пуршарафи донишҷӯӣ соҳиб гардиданд.

Дар маҷмӯъ, соли равон бо мақсади имтиҳонсупории довталабон дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шуда, ҷараёни бақайдгирӣ то 15 апрел идома меёбад.

Соли равон чун дар соли 2017 ба воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда мешаванд.

АМИТ "Ховар"