Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ масоили ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангиро баррасӣ карданд

16 январи соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи раёсати Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти ташкилот дар соли 2017 ва нақшаи фаъолияти он барои шашмоҳаи аввали соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли 2017 фаъолони ташкилот сари роҳи вайронсозии ёдгории қадимии Муғтеппаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро гирифта, дар он ҷо кофтукови бостоншиносӣ гузарониданд ва 1316 тангаю дигар бозёфтҳо ба даст оварданд.

Гузашта аз ин, дар мавзеи ёдгориҳои қадимии Вашгирди ноҳияи Файзобод ва Чимқурғони ноҳияи Шаҳринав гӯронидани майитон ва ҳотакориҳоро боздоштанду мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо барои қабристону ҳотакории деҳқонон ҷойҳои дигар ҷудо карданд.

Бояд зикр кард, ки эҳё намудани филиалу намояндагиҳои ташкилот дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷалби табақаҳои васеи аҳолӣ ҷиҳати ширкати фаъолона дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ, баланд бардоштани фарҳанги аҳолӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои умумиинсонӣ ва дар байни аҳолӣ густариш додани донишҳо роҷеъ ба мероси таърихӣ – фарҳангии халқ, ташкил намудани назорати ҷамъиятӣ барои муайян намудани вазъу истифодаи ёдгориҳо ва дар омӯзиш, тармим ва аз вайроншавӣ нигоҳ доштани онҳо самтҳои асосии фаъолияти ташкилот мебошанд.

Пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати таблиғу ташвиқи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори умум ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳо мустаҳкам карда шаванд.

Дар ҷаласа ба муаллифони фаъоли маҷаллаи «Мероси ниёгон» туҳфаҳо супорида шуданд.

АМИТ "Ховар"