Пешниҳоди фарҳангӣ: дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фестивали ягонаи жанрҳои гуногуни мусиқӣ ташкил карда шавад

Намояндагони Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон фестивали ягонаи жанрҳои гуногуни мусиқӣ ташкил карда шавад. Ин таклиф зимни мулоқоти директори генералии Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов ва директори генералии Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» Одил Абдуқаҳҳоров, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Ҷонибҳо қарор доданд, ки лоиҳаи муштараки фестивал омода ва ба кишварҳои боқимонда барои баррасӣ ва мувофиқа пешниҳод шавад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот инчунин Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, коргардони Театри калони давлатии академии Ӯзбекистон Ҳайдаралӣ Қосимов ва сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Норов иштирок намуданд.

Ҷонибҳо оид ба ҳамкории минбаъдаи ду давлат дар соҳаи санъат, аз ҷумла, ташкили сафарҳои ҳунарии ҳунарпешагон ба ҳар ду мамлакат ва баргузории консертҳои муштарак суҳбат намуданд.
Зикр гардид, ки дар ин росто бояд шартномаи дутарафа таҳия гардида, тӯли чанд рӯзи минбаъда, ки меҳмонони ӯзбек дар Тоҷикистон ҳузур доранд, ба имзо расонида шавад.

АМИТ "Ховар"