Дар Хазинаи Байналмилалии Асъор вазъи ҷории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таҳлил мешавад

Оид ба   ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши молия ва пешниҳоди кӯмаки техникии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар самти пурзӯр намудани назорати бонкӣ, дирӯз Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо иқтисодчии аршади Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) Филлип Бартоломей  вохӯрӣ  намуд. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.

Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, зимни вохӯрӣ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр  намуд, ки   мушкили асосӣ дар низоми бонкӣ сатҳи баланди қарзҳои ғайрифаъол, ҷой доштани мушкилиҳои пардохтпазирӣ ва суст будани раванди идоракунии корпоративӣ дар бархе аз ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб рафта, рафъи он ба манфиати тамоми низоми бонкии ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Хамчунин  қайд  гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт дар доираи кӯмаки техникӣ ба ҷалби мушовирон ниёз дорад.

Дар навбати худ, Филлип Бартоломей изҳор намуд, ки дар ХБА вазъи ҷории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таҳлил мешавад ва ӯ ҳамчун мутахассиси ин ниҳоди молиявӣ ба натиҷаҳои мусбати ислоҳот дар ин самт бовар дорад.

Инчунин дар рафти мулоқот дигар масъалаҳои муҳим ва паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои судманд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

АМИТ "Ховар"