Дар Душанбе доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ҷамъ меоянд

Ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе дар охири  моҳи октябр мебошад. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш намояндагони ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон, ки  дар бахшҳои энергетика, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарматсевтика фаъолият доранд, ширкат намоянд.

Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе тақвияти ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Покистон, ҷалби сармоя, пайо намудани шарикони ҳамкор ва таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидотӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»