Дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт

1 январ дар Аморати Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон” оғоз гардид. 

Маросими ифтитоҳи “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии кишвари иқомат, сафирону намояндагони корпуси дипломатӣ ва тоҷикони муқими АМА баргузор гардида, ба он Директори Департаменти фарҳанги Шарҷа Абдулазиз ал Мусаллам ҳамроҳ бо Сафири Тоҷикистон дар АМА Б.Шарифӣ ва Консули генералӣ дар Дубай Б.Сафарзода бо буридани лентаи рамзӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Дар ҳафтаи ҳунарӣ намояндагони ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбофт ва ғайра иштирок намуда,  маҳсули дасти худро ба намоиш  хоҳанд гузошт.

Санъаткорони ансамбли фолклории “Помир” ва ансамбли рақсии “Базморо” баҳри ҳозирин оҳангу сурудҳои мардумӣ ва рақсҳои гуногунро иҷро намуданд.

Дар чорабинии мазкур анвои гуногуни таъомҳои тоҷикӣ, аз ҷумла оши палав, инчунин асал, меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Қобили  зикр аст, ки Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон  дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб то 25 январи соли ҷорӣ идома меёбад.

АМИТ "Ховар"