Дар Душанбе ҷаласаи 12-уми масъулони аршади Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» баргузор гардид

26 январи соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 12-уми масъулони аршади Муколамаи  «Осиёи Марказӣ+Япония» таҳти  ҳамраисии  муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ   ва Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония оид ба Осиёи Марказӣ Сафир Тошиҳиро Аикӣ  доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нишасти мазкур ҳайати японӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Динара Кемелова, муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хоҷиев, муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Саидикром Ниёзхоҷаев, директори Департаменти ҳамкории умумиосиёии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Алибек Бакаев ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар сессияҳои мавзӯотии Муколама ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба иҷрои лоиҳаҳо ва баррасии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди сайёҳӣ дар доираи Муколама баррасӣ гардиданд. Яке аз натиҷаҳои муҳими нишасти Душанбе – ин эълон намудани соҳаи рушди сайёҳӣ ҳамчун самти нави ҳамкории амалӣ дар доираи Муколама мебошад.

Дар нишаст ҳамчунин масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар самтҳои мухталиф муҳокима гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи майи соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи раисикунандаи Муколамаро барои солҳои 2017-2018 бар уҳда дорад.

АМИТ "Ховар"