Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Душанбе

2 майи соли 2018 дар остонаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон  Мубашар Ҷовид Акбар баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм табодули назар намуданд.

Ҳамчунин, 2 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини вазири корҳои хориҷии Умон  Муҳаммад Ал-Зарафӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Марокаш Абдулҷалил Саубри, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ташриф оварданд, мулоқот кард.

Дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Умон Муҳаммад Ал-Зарафӣ таъкид гардид, ки ҷиҳати фаъол намудани равобити судманд, танзими табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун ва ҳамкории намояндагиҳои дипломатии ду кишвар мувофиқи мақсад мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, туризм баррасӣ намуда, ба зарурати тақвияти пояи шартномавию ҳуқуқӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд.

Зимни мулоқоти Сироҷидин Аслов ва  Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Марокаш  Абдулҷалил Саубри ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Марокашро дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардиданд.

АМИТ "Ховар"