Дар Душанбе 7-умин Фестивали филмҳои полшагии «Висла» доир мегардад

8 ноябр дар Душанбе  7-умин Фестивали филмҳои полшагии «Висла» баргузор мегардад. Дар ин бора ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, филмҳои полшагӣ дар Хонаи кинои «Тоҷикфилм» намоиш дода мешаванд. Дар он филмҳои беҳтарини полшагӣ, ки солҳои охир истеҳсол шудаву на танҳо дар ин давлат, балки берун аз он низ бинандагони худро пайдо кардаанд, манзури тамошобинони тоҷик мегарданд.

Инчунин дар фестивал кори донишҷӯёни полшагӣ низ ҷой дода шудааст. Тамошобинон имконият доранд бо  маҳорати   се донишҷӯи факултаи радио ва телевизиони донишгоҳи Силез дар Катовитс, ба монанди филми кӯтоҳметражи «Охирин муштарӣ», «Ман ҳам чизе барои ту дорам» ва «Элизабет» шиносоӣ пайдо намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: