Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз шаҳри бостонии Самарқанд боздид намуд

Нимаи дуюми имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз яке аз шаҳрҳои зеботарин ва қадимтарини дунё – Самарқанд боздид намуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Раиси шаҳри Душанберо Ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ёдгориҳои фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо ва маҷмааҳои саноатии Самарқандро нишон доданд.

Нахуст ҳайати пойтахти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ва маҷмаа-мақбараи меъмории Имом Бухорӣ ташриф оварда, баъдан бо дигаргуниҳои шаҳр шинос шуд ва дар бораи мутафаккирони бузурги сарзамини муқаддаси Самарқанд ва дар бораи саҳми онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот гирифт.

Шоми имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Душанбе баргашт.

АМИТ «Ховар»

Tags: