Дар Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони хурдсол доранд, кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дода мешавад

Як сол қабл дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки барои пешгирии  ин бемории ҳамагир ва коҳиши таъсири манфии он ба вазъи саломатию иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, яке аз самтҳои фаъолияти Лоиҳа- ин расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ бо мақсади пешгирии хавфи норасоии ғизо дар байни кӯдакони хурдсол дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 ва ҷуброни пайомадҳои манфии бемории ҳамагир ба оилаҳои камбизоат, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, мебошад.

Дар марҳилаи аввал, яъне аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели соли 2021 кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба андозаи 500 (панҷсад) сомонигӣ ба 69 ҳазору 966 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 3- сола доранд, дар ҳаҷми 34 983 000 сомонӣ расонида шуд.

Илова ба ин, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як Созишномаи молиявӣ- «Оид ба маблағгузории дуюми иловагӣ барои «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 майи соли 2021 (гранти Бонки умумиҷаҳонӣ №D777-TJ) ба имзо расонида шуд.

Дар доираи маблағгузории Созишномаи дуюми иловагӣ пардохти якдафъаинаи иҷтимоӣ аз моҳи август то охири соли 2021 дар назар дошта шуда,  тибқи нақша, он 165000 хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоатро фаро хоҳад гирифт, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 82,5 млн. сомониро ташкил мекунад.

Ҳамин тавр, моҳи августи соли равон ба 84 ҳазор оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 7-сола доранд, ба маблағи 42 млн. сомонӣ, моҳҳои сентябр-октябри соли равон ба 56000 оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони хурдсол, инчунин оилаҳое, ки занҳо сардори оила буда, дар ҳайати худ кӯдакони аз 7 то 16- сола доранд, ба маблағи 28 млн. сомонӣ, моҳи ноябр-декабри имсол  ба 25 000 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони маъюби то 18-сола доранд, ба маблағи 12,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Интихоби оилаҳои камбизоат барои расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ дар заминаи механизми амалкунандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ гардида, барои анҷом додани пардохтҳо дар таҳрири нав Дастурамал дар бораи таъйин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 17 июни соли 2021 тасдиқ карда шудааст.

Мақоми татбиқкунандаи механизми таъйин ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар баробари ин, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва худидоракунии маҳаллиро дар раванди амалисозии механизми мазкур иҷро намуда, ҳамзамон маъмурикунонии махзани иттилоотии гирандагони кумакпулиро анҷом медиҳад.

Рӯйхати ном ба номи гирандагони кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ аз махзани ягонаи электронии Агентии мазкур тартиб дода шуда, пардохтҳо тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳо анҷом дода мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: