Дар Душанбе мулоқоти котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид

Имрӯз миёни Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷиндер Кҳанна мулоқот доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба  ҳамкории дуҷониба байни дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Ҳиндустон, вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди   таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба густариши минбаъдаи   ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ  ва дигар  масъалаҳои марбут ба таъмини амният изҳори назар карда шуд.

АМИТ "Ховар"