Аз зуком эҳтиёт шавед! Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кард

Баробари фаро расидани фасли сармо шумораи гирифторони  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас,  аз ҷумла, бемории зуком  оғоз меёбад. Дар вақти якбора иваз шудани боду  ҳаво   масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад.

Зуком бемории вирусиест, ки ба қобилияти муҳофизатӣ, муқовимати бадан, омилҳои хӯрок, муҳит, тарзи ҳаёт ва нигоҳубин вобастагии зич дорад.

Бемории шадиди роҳҳои нафас мавсимӣ буда, он ҳангоме, ки   организми одам ба сардӣ пурра мутобиқ  нашудааст, инчунин  ба  нафароне, ки масунияти паст доранд, яъне  бештар кӯдакон ё шахсони калонсол зарари худро мерасонад.

Тавре сардори раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадалӣ Табаров иброз дошт, ҳар сол шурӯъ аз моҳи октябр мавсими зуком оғоз ёфта, то моҳи апрел идома меёбад. Дар ин муддат сабабҳои зиёду кам гаштани он ба қайд гирифта мешаванд.

Мавсуф гуфт, ки «то  оғози мавсим, яъне то ҳол мо  ҳодисаи паҳншавии  зукомро ба қайд нагирифтаем. Дар баробари ин тибқи маълумоти фаврӣ, ҳар ҳафта дигар бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешаванд. Тибқи омор, дар ин муддат бемориҳои шадиди роҳҳои нафас бештар дар шимоли мамлакат ба қайд гирифта шудаанд.

Аз 10 октябр   то 17 ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд 339 ҳолат, дар шаҳри Душанбе 317 ва дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 300 ҳолат, дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории шадиди роҳҳои нафас камтар ба қайд гирифта шудааст»,- зикр намуд М.Табаров.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, эҳтимоли воридшавии бемории зуком аз дигар давлатҳо ба Тоҷикистон мавҷуд аст. «Тавре медонем, рафтуомад байни шаҳрвандон ба хориҷ ва ба Тоҷикистон зиёд аст. Бинобар ин яке аз роҳҳои интиқоли бемориҳои сироятӣ, махсусан бемориҳои шадиди роҳҳои нафас  дар ин мавсим муҳоҷирон мебошанд. Дар баробари ин дар мавсими тирамоҳу зимистон муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан бармегарданд. Дар  ин ҳол интиқоли бемориҳо метавонад зиёд гардад. Аз ин лиҳоз   дар ҳамаи нуқтаҳои воридшавии меҳмонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ  марказҳои санитарию карантинӣ фаъолият доранд, ки дар ин ҷойҳо воридшудагон  таҳти назорат гирифта мешаванд»,- зикр намуд М.Табаров.

Ба гуфти табиб, дар Хадамоти назорати давлатии санитарӣ — эпидемиологӣ ташхисгоҳи вирусологӣ фаъол буда,  ташхисҳои бемории зуком он ҷо гузаронида мешаванд.   Ба ин восита    муайян карда мешавад, ки дар ҷумҳурӣ кадом намуди вирусҳо гардиш ва бартарӣ  доранд.

Ба гуфтаи мутахассис, тавсияҳо ду навъ мешаванд: бидуни доруворӣ ва ба воситаи доруворӣ. Тавсияи пешгирикунанда аз зуком – ин,  пеш аз ҳама, риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёҳои рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст.  Истеъмоли хӯроки серғизои  аз витаминҳо бой ва  афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард.  Қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шуштани даст,  худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард.  Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи  микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд. Ҳангоми ба зуком мубтало шудан  бояд  пеш аз ҳама, бо  мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард. Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кард.

Имрӯз доруҳои  гуногун зиёд шудаанду  ҳар яки он  интихоби фардӣ дорад. Агар як нафар бо ин навъи дору сиҳат шавад,  ба нафари дигар он,  баръакс таъсири манфӣ мерасонад.  Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои  зуком дар се рӯз равшан мешаванд.  Ҳангоми  бистарӣ нагаштан, беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Бемор  беҳтараш бистарӣ гашта,  духтурро ба хона даъват кунад,  то худ омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимолияти паҳн шудани сироят аз байн бурда мешавад.

Ибодат ДАВЛАТОВА

АМИТ "Ховар"