Ба «Тоҷик Эйр» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» имтиёз дода мешавад

Палатаи  поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» илова ворид менамояд. Масъалаи мазкур 29 январ дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагон оид ба молия ва иқтисод Шариф Раҳимзода зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки  ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Парлумони мамлакат бармеояд. Ҳадафи он рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёт, сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва навсозии техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад.

Тибқи иловаи ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»  воридшаванда ба корхонаҳои мазкур барои воридоти техникаю таҷҳизот имтиёз дода мешавад.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Kryso Resources Limited»ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут»-ро баррасӣ намуданд.

АМИТ "Ховар"