14-15 апрел дар боғҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегарданд

Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 16 то 18 ва дар мавсими тобистон аз соати 18 то 20 дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, аз ҷумла, намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Махкамбой Гулов хабар дод, иқдоми мазкур  дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст.

14 апрели соли равон  ҳунармандони шаҳри Ваҳдат дар Боғи «Дӯстии халқҳо», бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе дар Боғи «Парчами давлатӣ», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар боғи «Рӯдакӣ»,  Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев дар боғи «Ирам» ва   Коллеҷи кӯҳӣ ба номи Сороҷон Юсуповаи шаҳри Душанбе дар  Майдони 800-солагии Москва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор намуда, табъи сокинонро болида мегардонанд.

Ҳамчунин 15 апрел чорабиниҳои бахши  фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар боғи «Ирам», Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар Боғи «Рӯдакӣ»,  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар Боғи «Парчами давлатӣ», бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб дар Майдони 800-солагии Москва ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар Боғи «Дӯстии халқҳо» баргузор хоҳанд шуд.

АМИТ "Ховар"