Зиёда аз 240 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо ва Америка ба Ватан оварда шуданд

Дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 80 шаҳрванди мамлакат, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Аврупо ва Америка дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Франкфурт ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қаблан, 8 июли соли ҷорӣ 161 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Франкфурт ба Душанбе баргардонида буданд.

Ёдовар мешавем, ки 27 июл дар нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод, ки бо дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ҳамагирии COVID-19 16 ҳазору 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: