Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония сидқан табрику таҳният мегӯям.
Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки тайи ин солҳо дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония рух доданд, далели равшани эҳтимоми ҷонибҳо ба рушди равобити ҳасана байни ду кишвар дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мебошад.
Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрӣ бо кишвари Шумо изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Итминони комил дорам, ки дар оянда низ бо саъю талошҳои муштарак мо рушди пайвастаи ҳамкориҳои судманди кишварҳоямонро ба нафъи мардумонамон таъмин хоҳем кард.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо ҷаноби Сарвазир саломатии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва барои мардуми дӯсти Япония саодату амонӣ ва шукуфоии бештар орзумандам».