Аз 15 то 17 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Зиннату ҳусни ҷавонист чакан» баргузор мегардад. Аз ҷумла, дар доираи баргузории Фестивали мазкур роҳпаймоӣ бо иштироки 12 ҳазору 500 нафар занону ҷавонони чаканпӯш ва шоу — барномаи консертии санъаткорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонӣ ҳамсони чакан аст» пешбинӣ гардидааст.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз роҳандозии фестивали мазкур эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии унсурҳои чакандӯзӣ миёни ҷавонон ва пайдо намудани беҳтарин чакандӯзони ҷавон мебошад.
Бино ба зикри манбаъ, дар фестивали мазкур иштироки беш аз 300 нафар ҷавонони касбу кори гуногун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назар дошта шуда, онҳо аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Кӯлоб дидан менамоянд.
Ҳамчунин дар доираи ин Фестивал баргузории конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар муаррифии фарҳанги миллӣ: чакан мероси ғайримоддии фарҳангӣ ЮНЕСКО», ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ барои корҷӯён, машғулияти омӯзишӣ миёни соҳибкорони ҷавон, намоиши дастовардҳои ҷавонон, аксияи тозагии соҳил ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.
Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ буда, таърихи ниҳоят қадимӣ дорад. Он ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.
Ёдовар мешавем, ки чакан ҳамчун як навъи гулдӯзии тоҷикон моҳи ноябр соли гузашта, аз тарафи Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.
АМИТ «Ховар»