Дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ аз гузариши ҳамлагари дастаи мунтахаби Кот-д’Ивуар Я Сатурнин-Ҳерманн хабар медиҳад. Футболбози африқоӣ қаблан дар дастаҳои футболи «Депортиво»-и Африқо ва «Волкан»-и Кот-д’Ивуар ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар дастаи «Кӯктош» бо рақами 11 бозӣ хоҳад кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин дастпарвари дастаи футболи «Локомотив-Тошканд» Асадбек Исломов дар ин мавсим шарафи дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро ҳимоя хоҳад кард. Ҳимоятгари канори рост, ки дар дастаҳои футболи «Локомотив-Тошканд», «Металлург» ва «Бекобод» бозӣ кардааст, бо дастаи футболи «Кӯктош» то охири мавсим шартнома ба имзо расонид
Бозингари сеюм Алиҷон Алиҷонов аст, ки дар академияи «Спартак»-и шаҳри Тошканд таълими футбол гирифтааст. Баъдан ӯ дар корномаи варзишиаш дар дастаҳои футболи «Навбаҳор», «Пахтакор» ва «Намангон» бозӣ карда, акнун бо пероҳани дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозӣ хоҳад кард. Дар дастаи наваш Алиҷон Алиҷонов рақами 4-ро интихоб кард.
АМИТ «Ховар»