«Мавқеи забон ва тарзи баён дар навиштор ва гуфтор»-ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Пагоҳ, 3 октябр, соати 10:00 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи «Забон – омили ҳастии миллат» ҳамоиш баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш мавзӯъҳои мухталифи забони тоҷикӣ, аз ҷумла «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони модарӣ», «Имконоти воҳидҳои луғавии забон дар ташаккули афкори омма», «Бозтоби чеҳраи устод Садриддин Айнӣ ҳамчун поягузори забони адабии тоҷик дар маводи озмунии нашрияи «Ҷумҳурият», «Мавқеи забон ва тарзи баён дар навиштор ва гуфтор» баррасӣ мешаванд.
Иштирокдорон оид ба ин маърӯзаҳо ва мавзӯъҳои дигари илми забоншиносӣ табодули афкор мекунанд.

АМИТ "Хабар"

Tags: