Дар давоми 25 соли истиқлолият дар ноҳияи Рашт иншооти муҳим бунёд гардидаанд

Агар симои имрўзаи ноҳияи Раштро ба симои 25 сол пеши он муқоиса намоем, дигаргуниҳои куллие, ки дар ҳама ҷабҳаҳо ба вуҷуд омадаанд ва ба ноҳия зебу зиннати тоза зам намудаанд, пурра ва баръало ба чашм мерасанд. Дар ин давом дар қаламрави ноҳия иншооти бузург ба истифода дода шуданд, ки на танҳо аҳамияти ноҳиявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ низ доранд. Бинои Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар маҳаллаи Э. Муҳиддинови шаҳраки Ғарм ба маблағи зиёда аз 39 млн. сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар, шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Лахш-Сари Тош- сарҳади Қирғизистон бо маблағи зиёда аз 27 млн доллар аз ҳисоби Бонки осиёгии рушд ва иншооти барои ноҳия дорои аҳамияти зарурӣ- бинои бӯстонсарой ба маблағи зиёда аз 5 млн. сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Варзишгоҳи марказии ноҳия бо маблағи зиёда аз 6 млн. сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои маъмурии прокуратура, нозироти андоз, шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон, бинои чорошёна барои сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, матбаа, биноҳои нави таълимӣ, марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ, корхонаи истеҳсоли орд, марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва доруворӣ аз зумраи иншооте мебошанд, ки дар давоми 25 соли Истиқлолият барои некӯаҳволии мардуми ноҳияи Рашт бунёд гардидаанд.

/АМИТ «Ховар»

Tags: