Бозиҳои даври понздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 14-15 август баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
14 август «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва 15 август «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо КМВА-и шаҳри Душанбе, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ байни ҳам рақобат мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки пас аз натиҷагирии чордаҳ давр дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 28 хол аз 13 бозӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки нисбат ба дастаи «Хуҷанд» ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 24 хол дар ҷойи дуюм мебошад. Ду дастаи дигари вилояти Суғд – «Истаравшан» (22 хол) ва «Эсхата» (20 хол) мутаносибан дар ҷойҳои сеюм ва чорум мавқеъ гирифтаед.
АМИТ «Ховар»