Дар факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майор Шариф Назарзода бо ҳайати омӯзгорон ва курсантон доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷавонон, муносибат бо ҷомеа, донишомӯзӣ, интихоби касб, нозукиҳои тахассусии фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ суҳбати озоду самимӣ доир гардид.
«Омӯзиши пайваста, ҷисману рӯҳан обутобёфта, нотарсию далерӣ, пуртоқатӣ ва муҳаббат ба касб аз сифатҳои фардие мебошанд, ки ба корманди милитсия хос аст ва нафаре, ки дорои чунин хислат нест, милитсионери касбӣ шуда наметавонад»,-иброз дошт Ш. Назарзода.
Ҳамзамон аз иқтидори моддии ВКД ва шароити фароҳамгардидаи ниҳод сухан рафта, воқеияти фарқкунандаи имрӯз бо солҳои қаблӣ муқоиса карда шуд. Изҳори умед карда шуд, ки нигоҳдории чунин ободӣ ва пояндагии амнияту суботро дар оянда насли ҷавони милитсия баъди хатми Академияи ВКД ба уҳда гирифта, ин касби пуршарафро идома хоҳанд дод.
АМИТ "Ховар"