Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода имрӯз ба Вазири корҳои дохилии Россия генерали политсия Владимир Колоколсев дар пайи қазияи марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи политсия барқия ирсол намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
Рамазон Раҳимзода зимни барқия хоҳиш намудааст, ки мақомоти дахлдори ин кишвар далели марги шаҳрванди Тоҷикистонро дар шӯъбаи полис шарҳ бидиҳад. Ӯ ҳамчунин дархост кардааст, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле хостори тафтиши қазияи марги Илҳомиддин Шоев, муҳоҷири 38-солаи тоҷик дар Россия мешавад, ки наздикони марҳум далели тафтишот дар бораи бемори қалб будани ӯро рад мекунанд.
Бино ба хабари политсияи Москва, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи мақомоти корҳои дохилии Вешнякии шаҳри Маскав «аз бемории дил» ҷон додааст. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки дастаи СОБР 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дастгир карда, ба идораи пулис оварда буд. Намояндаи политсия ба ВАО гуфтааст, ки Шоев дар роҳзанӣ гумонбар мешуд. Чизе, ки наздикони Илҳомиддин комилан рад мекунанд.
Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки писараш ҳеҷ гоҳ бемории дил надошт.
Ҷасади ин муҳоҷир рӯзи 27-уми ноябр ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд. Аз Илҳомиддин чаҳор фарзанди ноболиғ мондааст, ки калониаш 14-сола аст. Наздиконаш мегӯянд, Илҳомиддин то замони ба муҳоҷират рафтан дар Тоҷикистон ронандаи мусофиркаш буд.
АМИТ "Ховар"