Ҳамлаи террористӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Туркия 36 кушта бар ҷой гузошт

Сарвазири Туркия Биналӣ Йилдирим иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 36 нафар кушта шуданд ва 147 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Ба қавли ӯ дар ин амал маргталабони «Давлати исломӣ» гунаҳкор дониста мешаванд. Террористон пеш аз инфиҷор ба тирпарронӣ шурӯъ карда, баъдан худро тарконидаанд,баён кардааст сарвазир. Дар ин бора  INTERFAX.RU хабар додааст.
Фурудгоҳи Отатурк дар Истанбул яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои дунё ба ҳисоб меравад ва соли гузашта  беш аз 61 миллион нафар мусофирон  аз тариқи он сафари худро анҷом додаанд. Фурудгоҳи Отатурк  баъди фурудгоҳҳои Ҳитроу дар Лондон ва Чарлз де Голл дар Париж аз сермусофиртарин фурудгоҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: