ВКХ ҶТ: кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик баргардонида шуданд

Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои марбута (Кувайт, Остона, Теҳрон, Анқара, Москва ва Иморот) бо ҳамдастии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоҳангиҳои лозимаро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва сохторҳои дахлдори ин кишвар анҷом додаанд.

«Дар натиҷа, 25 апрели соли 2018 чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан бозгардонида шуданд», — омадааст дар хабари вазорат. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат дар ин кори хайр ба ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Ироқ, Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ изҳори сипос мекунад.

АМИТ "Ховар"

Tags: