Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод беш аз 300 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешавад. То ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия сохтмони 15 иншоот ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Фирдавс Зарифов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз иншооти сохташаванда 3 адад ба соҳаи маориф, 9 адад ба тандурустӣ, ду бино ба фарҳанг, се коргоҳи истеҳсолӣ, 7 марказҳои хизматрасонии маишӣ, 5 коргоҳи коркарди меваю сабзавот ва майдончаҳои варзишию дигар биноҳои маъмурӣ рост меоянд.
Тибқи иттилои номбурда, дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, ба ин восита даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷой кор таъмин гардиданд.
Масъулини ноҳия барои сари вақт ва бо сифати баланд сохта ба истифода супоридани иншооти боқимонда масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ дастрас намуда, мутахассисон корро дар ду баст ташкил намудаанд.
Иншооти мазкур бо маблағҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон сохта ба истифода дода мешавад, ки то имрӯз зиёда аз 40 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расидаанд.
АМИТ «Ховар»