ВКД ҶТ: «Ҳадаф аз таъсиси «Хабарнигори фаврӣ» ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилист»

Дирӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода як гурӯҳ ҷавонон ва донишҷӯёни мактабҳои олии кишварро, ки бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкории зич ба роҳ мондаанд, қабул намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки шаҳрвандон вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, қонуншиканиҳо, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳоеро, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, аз ҷойи ҳодиса ба навор гирифта, ирсол намуда метавонанд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни вохӯрӣ иброз намуд, ки «фаъолияти хабарнигорони фаврӣ на танҳо ба инъикоси саривақтии ҳодисаву воқеа, инчунин барои сайқал додани донишу малакаи касбии рӯзноманигории ҷавонон ва ҳамкории судманд бо ҷомеа равона карда шудааст».
Ҷавонону донишҷӯёне, ки дар ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ саҳми босазо гузоштаанд, аз номи Вазири корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: