Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 65% иҷро гардид

Имрӯзҳо маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар ҷумҳурӣ беш аз 65%-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф
Нозимиён хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, давоми 20 рӯзи даъвати тирамоҳӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, маъракаро 110% ба иҷро расонид.

Имрӯзҳо теъдоди зиёди ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо омада, бо мақсади ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шудан ариза пешниҳод менамоянд.

«Дар ин давра комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз иҷрои пурраи маъракаи даъват гузориш доданд. Дар умум то имрӯз дар вилояти Суғд маъракаи  даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ қариб 75% иҷро гардидааст», — иброз дошт котиби матбуоти  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ориф Нозимиён.

Бояд гуфт, ки маъракаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 50%, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 60% ва минтақаи Рашт 100%  иҷро гардидааст.

«Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе бо маром идома дошта, дар 4 ноҳияи он иҷрои маърака ба 75% расидааст», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: