Ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи хӯрока бе танаффус ворид мегардад

Ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бе танаффус  маводи хӯрока ворид мегардад. Аз ҷумла,  дирӯз 120 тонна орд вориди вилоят гардида, дар анборҳои соҳибкорон низ маводи зиёди ғизоӣ мавҷуд мебошад. Ин  матлаб  дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба  пешгирии бемории сироятии коранавирус аз ҷониби раиси вилоят Ёдгор Файзов  садо дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Раиси вилоят ҳамчунин зикр кард, ки ҳамарӯза ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи зиёди озуқа аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳам  аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ворид  мешавад, ки  дар  бозору марказҳои савдо ба фурӯш  гузошта мешаванд.

«Сокинони вилоят бояд ба қоидаҳои беҳдошт риоя намуда, аз оростани маъракаҳои серодам ва бе зарурат рафтан ба ҷойҳои ҷамъшавии зиёди одамон худдорӣ намуда, саломатии худро эҳтиёт намоянд»,-афзуд   Ёдгор Файзов.

Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти таъмини маводи ниёзи аввал  ягон мушкил  нахоҳад шуд.

Ёдгор Файзов дар хитоб ба соҳибкорон ва шахсони саховатпеша зикр кард он нафароне, ки мехоҳанд дасти мадади худро дар ин рӯзҳо дароз намоянд бояд маблағро на барои маводи озуқа, балки барои харидорӣ ва дарёфти маводи доруворӣ масраф намоянд, ки ин ба манфиати кор мебошад. Зеро нуқтаҳои фурӯши шаҳру ноҳияҳои вилоят пур аз маводи ниёзи мардум буда, таъминоти табақаи ниёзманди аҳолӣ бо  маводи хӯрока зери назорати мақомоти маҳаллӣ шаҳру ноҳияҳо қарор дорад. Ба хотири ҳифзи сиҳатии сокинон,  пеш аз ҳама,  дарёфт кардани доруворӣ ва наҷот додани сироятшудагон аз беморӣ муҳим дониста мешавад.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрам дар ҳаёти сокинони вилоят низ баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: