Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки рӯзи 8-уми октябри соли 2018 марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе, директори ҶДММ “Эҳё”-и шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 300 000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. 

Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини кӯчаи Ҳисори ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми январи соли 2019, марди дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 163 ҳазору 200 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми сентябри соли 2016, марди дар боло номбаргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 231 ҳазору 870-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамзамон ба мақомоти милитсия бо ариза марди 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 23-юми августи соли 2019, номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 242 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамчунин бо ариза марди 66-солаи сокини пойтахт ба мақомоти милитсия дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 17-уми июни соли 2019, марди дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 220 000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафуров хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Номбурда, дар маҷмӯъ аз шаҳрвандони зикргардида 1 157 570 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Tags: