Вазорати корҳои хориҷӣ: шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар вилояти Тюмени Россия ҷароҳат бардоштанд

6 январ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар  ноҳияи Тоболски вилояти Тюмени Федератсияи Россия шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар автобуси мусофирбар ҳамаи 35 нафар мусофирони автобус онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонанд.  Дар байни онҳо як зан осеби сактаи мағзӣ бардоштааст ва айни замон дар беморхона аст. Се нафар шаҳрвандони мо, ки ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд, пас аз гирифтани ёрии зарурии тиббӣ беморхонаро тарк карданд. Ба гуфти масъулин, ин ҳолат таҳти назорати сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия қарор дорад.

Тавре  қаблан хабар дода будем, садамаи нақлиётӣ рӯзи душанбе дар километри 266-уми шоҳроҳи федералии Тюмен-Ханти-Мансийск бо ба ҳам бархӯрдани автобус ва мошини сабукрави Isuzu рух дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: