Дастаҳои муҳорибавии дивизияи зинетӣ-ракетии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори баҳои баланд гардиданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дастаҳои мазкур аз рӯйи мушакҳои мудофиаи зиддиҳавоии «Печера 2-М» мушакандозӣ намуда, ҳадафҳои ниҳоии ба онҳо муайяншударо, ки дар фазо таҷассуми душманони шартӣ буданд, пурра ва бехато зада афтониданд.
Ба иттилои манбаъ, дастаи тоҷикистониён зимни анҷоми машқҳо, ки дар машқгоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Федератсияи Россия таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» ҷараён доштанд, ба ин баҳо сазовор дониста шуданд.
Бояд гуфт, ки дар машқҳои муштарак роҳбарону намояндагони вазоратҳои мудофиаи мамлакатҳои аъзои Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, гурӯҳҳои фаврӣ, дастаҳои муҳорибавӣ ва беш аз чор ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин машқҳо Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ генерал-лейтенант Раҳмоналӣ Сафарализода ва дастаи муҳорибавии зинетӣ-ракетии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ таҳти роҳбарии муовини фармондеҳи он полковник Абдухолиқ Қодиров намояндагӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин машқҳои муштарак ҷузъу томҳои тақрибан 20 дивизияи зинетӣ-ракетӣ, ҳавопаймоҳои ҷангии Су-27, Миг-29-31, Су-24-25, Ту-22-160, Ту-95 ва чархболҳои Ка-27 ва дастаҳои мухталифи зидди ҳавоӣ истифода гардиданд.
«Машқҳои муштараки навбатии Системаи муттаҳида дар ҳамоҳангӣ ва аз рӯйи мавзӯи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марзи ҳавоӣ, ки гӯё душмани шартӣ ба сӯйи яке аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарбаи мушакӣ равона месозад, ташкилу ба роҳ монда шуданд»,- афзуд манбаъ.
Дар «Иттиҳоди ҷангӣ-2019» мушакҳои С400 «Триумф» истифода карда шуданд, ки аз ҷониби нозирони ҳарбӣ ба тавонии он дар самти нобуд кардани ҳадафҳои муайяншуда баҳои баланд дода шуд.
Бояд гуфт, ки байни дивизионҳои зинетӣ-ракетии кишварҳои аъзои Системаи муттаҳидаи дар машқҳо ширкаткунанда бо истифода аз ҳавопаймоҳои мухталифи ҷангӣ ва мушакҳои мудофиаи зиддиҳавоии С300 «Фаворит» ва маҷмӯи мушакҳои тӯпдори наздикамалкунандаи «Пансир С», ки қобилияти несту нобуд сохтани ҳадафҳои зиёд ё худ ҳавопаймоҳои бесарнишинро доро мебошанд, амалиёти муштарак доир карда шуд.
«Пас аз анҷоми машқҳо аз ҷониби фармондеҳии давлатҳои узви ИДМ ба иштирокчиёни машқҳо туҳфаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд», — афзуд манбаъ.
АМИТ «Ховар»