Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия вазъи кунунӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд

18 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу бо ташаббуси ҷониби Туркия гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид намуданд.

Дар суҳбат ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: