Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ

23 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин пешбарии масъалаҳои марбут ба транзит ва нақлиёт, савдои байналмилалӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамгироии минтақавӣ, содагардонии раванди савдо ва тағйироти иқлим дар давраи COVID-2019-ро ҳамчун авлавият номбар кард.

Илова бар ин, Сироҷиддин Муҳриддин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро ҳамчун платформаи муҳими пешбурди масоили марбут ба об дар паҳнои LLDCs арзёбӣ намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: