Дар ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика, ки имсол дар кишвари Руминия баргузор шуд, Тоҷикистон ҷои ҳафтумро ишғол карда, аз ҷиҳати иштирок ва сазовор шудани ҷойҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои ҷаҳон ворид шуд. Дар ин бора имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷкистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Тавре Нуриддин Саид зикр кард, аз аввали соли 2016 то имрӯз хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои 15 кишвари дунё иштирок намуда, соҳиби 133 медал: аз ҷумла 21 медали тилло, 33 медали нуқра ва 79 медали биринҷӣ шуданд.
«Дар байни 30 кишвар хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе Комила Шаҳидова аз фанни забони русӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид»,-илова намуд Нуриддин Саид.
АМИТ «Ховар»