Озмоишгоҳи Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Хоруғ ташхиси ройгони маҳсулоти хӯроквориро ба роҳ монд

Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сабаби гармии бесобиқа ва эҳтимоли зуд вайрон шудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ аз соҳибкорони бозору дӯконҳои шаҳр даъват намуд, ки маҳсулоти худро қабл аз фурӯш мавриди санҷиш қарор диҳанд. Зеро аксарияти маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе интиқол ёфта, дар худи мошинҳои боркаш ба фурӯш гузошта мешаванд.

Муовини сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Гулмамад Гулмамадов гуфт, ки «масофа байни шаҳри Душанбе ва Хоруғ зиёда аз 500 километр аст. Мошинҳои боркаш ин роҳро давоми 16-20 соат тай мекунанд. Азбаски ҳаво низ ғайричашмдошт рӯ ба гармӣ овардааст, вайрон гардидани маҳсулот аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин бо мақсади ба дасти харидор нарасидани маҳсулоти пастсифат ва зараровар Раёсати «Тоҷикстандарт» тасмим гирифт, ки ташхиси ройгони маҳсулоти хӯровориро ба роҳ монад».

Санҷиши навбатии ин ниҳоди назоратӣ нишон дод, ки аз нисф зиёди соҳибкорони бозори Хоруғ яхдон ё сардхона надоранд, маҳсулоти гӯштию ширӣ ва сабзавотро дар ҳавои кушод нигоҳ медоранд. Мутахассисони раёсати мазкур зимни санҷиш соҳибкоронро ҳушдор доданд, ки минбаъд маҳсулоти ширию гӯштӣ ва сабзавотро дар яхдон нигоҳ доранд, баръакси ҳол фурӯши ин  маҳсулот  манъ карда мешавад.

Дар робита ба ин ҳоло нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори шаҳри Хоруғ рӯз аз рӯз боло меравад. Сардори бахши вилоятии Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Ҳабиб Алимшоев, ки дар айни замон сабабҳои гаронии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои шаҳри Хоруғро месанҷад, изҳор дошт, ки «яке аз иллатҳои он ба дасти миёнаравҳо афтодани ин маҳсулот  мебошад.  Миёнаравон маҳсулоти кишоварзиро аз соҳибкорони хатлонӣ бо нархи арзон яклухт харид карда, минбаъд худашон онро нархгузорӣ мекунанд. Дар сурате, ки  дар сари замин як тарбузро аз соҳибкорони хатлонӣ бо нархи аз 4 то 6 сомонӣ мехаранд, баъдан он дар бозори шаҳри Хоруғ бо нархи 20-30 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад».

Сардори бахши вилоятии Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, ки бо дастури раиси вилоят ҳоло ин масъаларо санҷида истодаанд. Онҳо  кӯшиш доранд  шумораи шахсони миёнаравро дар бозорҳои шаҳри Хоруғ коҳиш диҳанд ва минбаъд маҳсулотро худи соҳибони аслӣ ба фурӯш гузоранд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат  саноатикунонии босуръати  ҷумҳурӣ ҳадафи чаҳоруми   миллӣ   эълон карда шуд. Ин ба он маъност, ки минбаъд ба афзоиши  ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ таваҷҷуҳи хосса равона гардад.

Чанде пеш бо мақсади рушди  соҳибкорӣ, истеҳсоли  маҳсулоти ватанӣ ва ҷалби соҳибкорон ба воридкунии маҳсулоти хушсифат дар қаламрави вилоят вохӯрии кормандони Раёсати  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят бо соҳибкорони ватанӣ ва истеъмолкунандагон баргузор гардид.

Мутасаддиёни  раёсат ба хотири ба фурӯш мондани маҳсулоти ватанӣ ва хушсифат ба соҳибкорони инфиродӣ  маслиҳатҳои муфид доданд. Аз ҷумла, зикр намуданд, ки соҳибкорон бояд   ба шароити нигоҳдошти    маҳсулот диққати асосӣ диҳад ва маҳсулоти гӯштиву ширӣ, тухмиву кишоварзиро дар яхдонҳои махсус нигоҳ  доранд.  Зеро  бо баланд шудани  ҳарорати ҳаво эҳтимолияти вайроншавии маҳсулоти мавриди ниёзи аввал  ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ таъмин намудани мағозаҳо бо яхдонҳои замонавӣ  вазифаи асосии соҳибкорон арзёбӣ гардид.

Имрӯз яке аз иқдомҳои неке, ки бо мақсади равнақи соҳибкорӣ аз ҷониби раёсат амалӣ гардидааст, ин ташхиси ройгони маҳсулоти  соҳибкорони вилоят мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: