Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Марокаш баргузор гардиданд

25 сентябр дар Душанбе нахустин даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Марокаш зери роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш Муния Буситта баргузор гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои ду давлат  масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Марокашро дар заминаҳои гуногун ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои муҳими минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карданд. Дар ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.

Нахустин даври машваратҳои сиёсӣ бо имзои ду санад — Протокол дар бораи ҳамкорӣ ва машваратҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш ва Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш ба поён расид.

АМИТ «Ховар»

Tags: