Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуданд:
— Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии кадрии Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон “Кабар”.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.