Вазири корҳои хориҷӣ дар ҳошияи иҷлосияи вазирони САҲА чандин мулоқоти дуҷониба анҷом дод

8 декабри соли 2016 дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири федералии Австрия дар умури Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷӣ Себастиан Куртс баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия, авлавиятҳои Австрия ба ҳайси кишвари раисикунандаи САҲА дар соли 2017, масъалаҳои рӯзномаи нишасти вазирон ва ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Созмонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Худи ҳамон рӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ Дэн Розенблум мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, зарурати таҳкими амният дар долонҳои транзитӣ дар он кишвар, инчунин ҳалли мушкилоти иқтисодиву молиявӣ ва муҳитизистӣ дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.
С. Аслов таваҷҷуҳи намояндаи Котиботи давлатии ИМА-ро ба аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак ба мақсади пешгирии омилҳои ифротгароии хушунатомез ва мубориза бо терроризм ҷалб намуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи ҳадафҳои мазкур ҳамкориро идома хоҳанд дод.
8 декабр инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид. Дар ҷараёни он ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин ба масъалаи муаррифии «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» дар сохторҳои дахлдори Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. П. Буриан омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба ин иқдоми кишвар изҳор кард.
Дар нимаи дуввуми рӯз зимни мулоқоте, ки бо муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Ҳикмат Халил Карзай баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар, амнияти минтақавӣ ва вазъи дохилии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дипломати баландпояи Афғонистон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти Афғонистон ва даъват ҷиҳати мусоидат ба ҳукумати кишвараш дар ҳаллу фасли он мушкилот изҳори сипос намуд.
Дар мулоқот миёни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия Петер Стенлунд мавзӯъҳои марбут ба равобити дуҷониба миёни ду кишвар, аз ҷумла тавсеаи муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби давраҳои соҳибкорӣ ба ҳамкории мутақобилан судманд тавассути баргузории форумҳои тиҷоратӣ ва имконияти таъсиси комиссияи муштараки иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.
Илова бар ин, Петер Стенлунд омодагии кишвари худро барои роҳандозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг изҳор намуд.

Tags: