24 октябр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот Рамазон Раҳимзода Имрон Ҳайдарро ба муносибати ба ин мақоми баланд таъйин гардиданаш табрик намуд.
Ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, табодули таҷрибаи пешқадам, инчунин ҳамбастагии мақомоти корҳои дохилии ҳар ду давлат дар пешгирӣ ва бартараф намудани ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ содир мегарданд, ибрози андеша намуданд.
Мулоқоти мазкур бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ анҷом пазируфт.
АМИТ «Ховар»